Бонки рушди Осиё ба дуболи эҷоди долони тиҷорӣ миёни Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон
(last modified 2019-06-02T03:56:48+00:00 )
Июн 02, 2019 08:56 Asia/Dushanbe
  • Бонки рушди Осиё ба дуболи эҷоди долони тиҷорӣ миёни Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон

Бонки рушди Осиё тарҳи эҷоди долони иқтисодӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон,Тошканди Узбакистон ва Шемканди Қазоқистонро ироа кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории Азия-Плюс, Бонки рушди Осиё эълом кардааст, ки барои омӯзиши ин мавзӯъ маблағи 800 ҳазор доллар кумак ихтисос хоҳад дод.

Аз дидгоҳи Бонки рушди Осиё дар қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон,Тошканди  Узбакистон ва Туркистони Қазоқистон беш аз 15 дарсад аз ҷамъияти Осиёи Марказӣ ба сар мебаранд, ки миёни ин се минтақа роҳҳои иртиботии заминӣ вуҷуд дорад ва ин заминаи истифода аз зарфиятҳои иқтисодӣ ва тиҷориро фароҳам месозад.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таъкид кардаанд ба далели беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Узбакистон ва муносиботи созандаи ин ду кишвар бо Қазоқистон шароити истифода аз густариши ҳамкориҳои ин се минтақа дар бахшҳои тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ вуҷуд дорад, ки муҷиби иштиғолзоӣ, сохти корхонаҳои муштарак ва марокизи тиҷории нав хоҳад шуд.

Ин коршиносон эълом кардаанд барои баррасии ин мавзӯъ ниёз ба се сол замон вуҷуд дорад, ки Мақомоти Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон низ аз ин тарҳ ҳимоят кардаанд.

Чунин тарҳҳое метавонад муҷиби густариши ҳамгароии бештари минтақаӣ ва ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ шавад.