Истиқболи Эрон аз раванди рӯ ба рушди равобит бо Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i44400-Истиқболи_Эрон_аз_раванди_рӯ_ба_рушди_равобит_бо_Қазоқистон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо истиқбол аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон, барои раисҷумҳури мунтахаб ва давлати нави ин кишвар орзуи муваффақият кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 12, 2019 09:30 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Эрон аз раванди рӯ ба рушди равобит бо Қазоқистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо истиқбол аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон, барои раисҷумҳури мунтахаб ва давлати нави ин кишвар орзуи муваффақият кард.

Сайид Аббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чоршанбе ибрози умедворӣ кард: Равобит ва муносиботи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Қазоқистон дар даврони раёсатҷумҳурии Қосим-Жомарт Тоқаев ҳамчун гузашта раванди мусбат ва рӯ ба густариши худро идома диҳад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ дирӯз (сешанбе) интихоби Қосим-Жомарт Тоқаевро ба унвони раисҷумҳури Қазоқистон табрик гуфт.