Истиқболи Эрон аз раванди рӯ ба рушди равобит бо Қазоқистон
(last modified Wed, 12 Jun 2019 09:00:00 GMT )
Июн 12, 2019 14:00 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Эрон аз раванди рӯ ба рушди равобит бо Қазоқистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо истиқбол аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон, барои раисҷумҳури мунтахаб ва давлати нави ин кишвар орзуи муваффақият кард.

Сайид Аббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чоршанбе ибрози умедворӣ кард: Равобит ва муносиботи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Қазоқистон дар даврони раёсатҷумҳурии Қосим-Жомарт Тоқаев ҳамчун гузашта раванди мусбат ва рӯ ба густариши худро идома диҳад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ дирӯз (сешанбе) интихоби Қосим-Жомарт Тоқаевро ба унвони раисҷумҳури Қазоқистон табрик гуфт.