Истирдоди як ҷангҷӯи собиқи тоҷик ба Узбакистон бо маҳкумият ба зиндони абад
(last modified 2019-06-18T05:11:37+00:00 )
Июн 18, 2019 10:11 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди як ҷангҷӯи собиқи тоҷик ба Узбакистон бо маҳкумият ба зиндони абад

Додгоҳи олии Тоҷикистон Яъқуб Ғафуров яке аз ҷангҷӯёни гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар солҳои ҷанги дохилии ин кишварро ба иттиҳоми гаравгонгирӣ ва роҳзанӣ ба зиндони абад маҳкум ва ба Узбакистон истирдод кард.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Яъқуб Ғафуров дар соли 2009 бо фирор ба Узбакистон як коргардони театри ин кишварро ба қатл расонд, ки ба ҳукми додгоҳ ба 19 сол зиндон маҳкум шуд.

 Пас аз беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Узбакистон ба дархости мақомоти қазоии Душанбе тарафи Тошканд ин ҷангҷӯи собиқи тоҷикро ба кишвараш фиристод, то барои ҷиноятҳои даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирад ва дубора ба Узбакистон мунтақил шавад.

Акнун бо судури ҳукми зиндони абад барои Яъқуб Ғафуров аз сӯи додгоҳи олии Тоҷикистон ба иттиҳоми гаравгонгирӣ ва роҳзанӣ, вай дубора ба Узбакистон истирдод шудааст, то давраи маҳкумияти худро ба иттиҳоми мушорикат дар қатли Марк Вайл коргардони театри мавсум ба Илҳом бигузоранд.

Яъқуб Ғафуров далели қатли ин коргардонро тавҳин ба паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар яке аз намоишномаҳои театри ёдшуда унвон кардааст.

Додгоҳи олии Узбакистон Яъқуб Ғафуровро дар моҷарои қатли Марк Вайл коргардони театр муқассир шинохт ва ба 19 сол зиндон маҳкум кард, аммо ба далели қарор гирифтан таҳти қонуни афв ин ҳукм ба мизони як ҷаҳорум коҳиш дода шуд.