Июн 26, 2019 20:06 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди фасоди идорӣ ва молии раисҷумҳури собиқи Қирғизистон

Додситони кулли Қирғизистон аз таъйиди фасоди идориву молии раисҷумҳури собиқи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, додситони кулли Қирғизистон рӯзи сешанбе сӯиистифодаи Алмосбек Отамбоев аз имконот ва қудрати давлат барои манофеи шахсӣ, ташкили гурӯҳҳои харобкорона, фишор ба намояндагони парлумон, додрасҳо, фаъолони иҷтимоӣ, хабарнигорон ва дигар намояндагони ҳавзаи иттилоърасониро таъйид кард.

Ҳафтаи гузашта ҳам дар парлумони Қирғизистон нақши раисҷумҳури собиқ дар парвандаҳое ҳамчун навсозии нерӯгоҳи ҳароратии “Бишкек”, навсозии музеи миллии Қирғизистон, озодии Азиз Ботукаев, раиси яке аз гурӯҳҳои ҷиноӣ, фурӯши ангиштсанг ба нерӯгоҳи ҳароратии Бишкек ва заминхорӣ дар вилояти Иссиқ-Кӯл ба исбот расида буд.

Намояндагони парлумони Қирғизистон ҳамчунин ба ҳазфи масунияти сиёсии раисҷумҳури собиқи ин кишвар раъйи мусбат доданд.