Июл 01, 2019 17:05 Asia/Dushanbe
  • Дархости созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар барои таҳрими Туркманистон

Бархе созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз Бонки навсозӣ ва тавсеаи Аврупо хостанд, аз эътои вом ба давлати Туркманистон бипарҳезад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, созмонҳои Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар ва Дидабони Ҳуқуқи Башар дар номае ба Сома Чакраборти, раиси Бонки навсозӣ ва тавсеаи Аврупо, таваққуфт пардохтт вом ба давлатт Туркманистонро хостор шуданд.

Ин ду созмон таъкид карданд, давлати Туркманистон то ҳангоме, ки ба натоиҷи хубе дар заминаи риояти ҳуқуқи башар ва демократия нарасидааст, бояд таҳрим шавад.

Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар ва Дидабони Ҳуқуқи Башар дар гузоришҳои худ Туркманистонро кишваре бо низоми диктаторӣ муаррифӣ ва эълом карданд, ки дар заминаи ислоҳот дар низоми қонунгузории ин кишвар, то кунун ҳеҷ барномае иҷро нашудааст.

 

Барчасп