Июл 06, 2019 13:57 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти гандуми Қазоқистон ба 10.8 миллион тон

Вазири кишоварзии Қазоқистон аз содироти беш аз 10 миллон тон гандуми тавлидии ин кишвар ба хориҷ таи моҳи июни соли 2018 то июли 2019 милодӣ хабар дод.

 Сафархон Умаров Вазири кишоварзии Қаҳоқистон дар нишасте аз афзоиши содироти гандуми ин кишвар хабар дод.

Вай дар ин нишаст гуфт; агарчӣ дар солҳои гузашта ҳаҷми содироти гандум ҳудуди 9-8 миллион тон буд аммо дар моҳҳои Июни соли гузашта то июли соли ҷорӣ ин адад ба 10.8 миллион тон афзоиш ёфт.

Сафаров афзуд; дар соли ояндаи мелодӣ низ қасд дорем ин шохисро ҳифз кунем.

Вазири кишоварзии Қазоқистон хотирнишон кард; ин кишвар ҳар сол ҳаҷми содироти гандуми худро афзоиш медиҳад.

Қазоқистон таи моҳҳои январ то ноябри соли гузаштаи мелодӣ 5.5 миллион тон гандум ба хориҷ содир карда,ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли 2017 и милодӣ 49 дар сад бештар аст.

Барчасп