Авзои минтақа ва Афғонистон меҳвари дидори Вазири умури хориҷаи Узбакистон ва Могеринӣ
(last modified 2019-07-08T06:20:15+00:00 )
Июл 08, 2019 11:20 Asia/Dushanbe
  • Авзои минтақа ва Афғонистон меҳвари дидори Вазири умури  хориҷаи Узбакистон ва Могеринӣ

Вазири умури хориҷаи Узбакистон ва Федерико Могеринӣ масули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Бишкек авзои минтақа ва Афғонистон ро баррасӣ крданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс,дар дидори рӯзи якшанбеи Абдулазиз Комилов, Вазири умури хориҷаи Узбакистон ва Федерико Могеринӣ дар ҳошияи понздаҳумин нишасти Вазирони умури хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Бишкек ( пойтахти Қирғизистон ) ҳамкориҳои мутақобил барои ҳали буҳрони Афғонистон ва бархе мавзуоти байналмиллалӣ ва минтақаи баррасӣ шуд.

Тарафайн дар ин дидор дар бораи чигунагӣ ва чашмандози тавсиъаи беш аз пеши робитаҳо дар қолаби Узбакистон ва Иттиҳодияи Аврупо гуфтугӯ карданд.

Понздаҳумин даври нишасти вазирони умури хориҷаи Осиёи Марказӣ ва масули сиёсати хориҷаи Аврупо дирӯз якшанбе дар Бишкек баргузор шуд. Табодули назар дар бораи стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ мавзуи аслии ин нишаст буд.