Июл 15, 2019 18:06 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Чин бар густариши сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон

Чин эълом кард, ки дар садади тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати бозаргонии Чин эълом кард, Чин ба тозагӣ чанд ёддошти тафоҳум барои эҷоди коргурӯҳҳои ҳамкории санъатӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо кардааст, ки гоми муҳиме дар иртиқои сатҳи ҳамкорӣ бо ин ду кишвар маҳсуб мешавад.

Бар асоси ин гузориш, равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Чин бо Қирғизистон ва Тоҷикистон дар солҳои гузашта натоиҷи муфиде доштааст.

Чин бузургтарин сармоягузор дар Тоҷикистон ва севумин шарики бузурги тиҷории ин кишвар аст, ки арзиши мубодилоти дуҷонибаи онҳо дар соли гузашта 1.51 миллиард доллар буд.

Чин ҳамчунин бузургтарин манбаи сармоягузорӣ ва бузургтарин шарики тиҷории Қирғизистон аст ва мубодилоти тиҷории ду кишвар дар соли 2018-и мелодӣ 5.61 миллиард доллар буд.

Дар ҳамин ҳол, Ду Деуин, сафири Чин дар Қирғизистон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи қирғизӣ таъкид кард, ки равобити Чин бо Қирғизистон дар беҳтарин даврони таърихии равобити ду кишвар аст.

 

Барчасп