Июл 17, 2019 16:11 Asia/Dushanbe
  • Таблиғоти динӣ барои муҳоҷирони корӣ дар фурудгоҳҳои Узбакистон

Дар идомаи раванди мусбати таомули давлат ва намояндагони дин дар Узбакистон, мақомоти ин кишвар ба рӯҳониён иҷоза доданд то барои муҳоҷирони кории озим ба хориҷ суханронӣ кунанд.

Дар видеое, ки ба тозагӣ дар Фейсбук мунташир шудааст, як рӯҳонӣ дар фурудгоҳи Намангон, дар шарқи Узбакистон зимни мавъиза дар ҳузури муҳоҷирони кории озими хориҷ, аз онҳо даъват мекунад ба хонаводаҳои худ хиёнат накунанд ва муроқиб бошанд, ки ба доми таблиғоти фирқаҳо ва равияҳои бегона науфтанд.

Дар ҳамин замина, намояндаи фурудгоҳи байналмилалии Намангон гуфтааст, ки мавъизаи рӯҳониён барои муҳоҷирони кории озими хориҷ, бавижа Русия бо муҷаввизи мақомоти ҳукуматӣ ва бар асоси барномаи таҳияшуда аз сӯи Кумитаи умури дин анҷом мегирад.

Дар пайи марги Ислом Каримов, раисҷумҳури динситези Узбакистон ва рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев, дар ин кишвар дар соли 2016 таомули мусбате миёни давлат ва дин барқарор шудааст.

 

Барчасп