Идомаи нооромиҳо дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Thu, 25 Jul 2019 07:09:30 GMT )
Июл 25, 2019 12:09 Asia/Dushanbe
  • Идомаи нооромиҳо дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон

Бо идомаи даргириҳо дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон неруҳои полис аз таҷҳизоти низомӣ истифода карданд.

Ба нақл аз Форс, Вазорати кишвари Қирғизистон барои ором кардани вазъият дар минтақаҳои марзии ин кишвар бо Тоҷикистон аз таҷҳизоти низомӣ барои шаҳрвандони қирғизӣ истифода карданд.

Бар асоси ин иттилоия имӯз дар соати 6:00 субҳ ба вақти маҳаллӣ неруҳои низомии Қирғизистон маҷбур ба истифода аз таҷҳизоти низомӣ алайҳи сокинони рустои Оксой-и Қирғизистон шуданд. Ин шаҳрвандони Қирғизистон ба дархостҳои полис барои худдорӣ аз ташдиди вазъият дар марзҳо гуш накарда ва ҷодаи Исфара-Ворух-ро масдуд карданд. Сокинони минтақаҳои марзӣ ба самти неруҳои полис санг партоб карданд, ки дар натиҷаи он 4 неруи низомӣ маҷруҳ шуданд бинобарин полис маҷбур шуд то аз таҷҳизоти низомӣ алайҳи сокинони ин русто истифода  кунад. Тибқи иттилооти Вазорати кишвари Қирғизистон вазъият дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон нисбатан ором ва собит аст.

Видеоҳои ин ҳодисаи субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуданд, аммо дар он маълум набуд чи таҷҳизоте ва тавассути кадом тараф ба кор бурда шудааст. 2 рӯзи гузашта байни мардуми рустои тоҷикии Ворух ва Оксой-и Қирғизистон даргирӣ бо истифода аз силоҳи гарм рух дод ва дар натиҷаи он 14 нафар маҷруҳ шуданд.

Бо ин ки ниҳодҳои давлатии 2 кишвар ҳамкорӣ мекунанд ва аз вазъияти собит дар ин минтақа хабар медиҳанд, аммо дар ҳузури низомиён ҳамчунон даргирӣ вуҷуд дорад.