Август 13, 2019 17:24 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ба роҳандозии кудато муттаҳам шуд

Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ба роҳандозии кудато дар ин кишвар муттаҳам шуд.

Раиси дастгоҳи амниятии Қирғизистон эълом кард, Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи ин кишвар, ки аз ҳафтаи гузашта дар зиндон ба сар мебарад, дар ҳоли омодасозии як кудато будааст. Орозбек Опумбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар нишасти хабарие дар Бишкек гуфт, қасди вай кудато буд.

Аламосбек Отамбоев, ки аз соли 2011 то соли 2017 раисҷумҳури Қирғизистон буд, аз ҷумъаи гузашта, пас аз ду бори ҳуҷуми нерӯҳои вижа ба маҳалли иқомати вай дастгир шуд. Отамбоев, ки ба фасоди молӣ муттаҳам аст, ин иттиҳомотро рад ва таъкид кард, қурбони даргирӣ бо Сооронбой Жээнбеков шудааст.