Дархости муовини нахуствазири Қирғизистон аз додгоҳ барои ҷарима кардани нашрияи Азия Нюс
(last modified 2019-08-18T04:53:39+00:00 )
Август 18, 2019 09:53 Asia/Dushanbe
  • Дархости муовини нахуствазири Қирғизистон аз додгоҳ барои ҷарима кардани нашрияи Азия Нюс

Муовини нахуствазири Қирғизистон аз додгоҳ дархост кард, ки нашрияи Азия Нюс-ро ба ҷурми нашри ахбори дуруғ алайҳи вай (ҷосусӣ) ҷарима кунад.

Ба нақл аз Спутник, муовини нахуствазири Қирғизистон аз додгоҳ дархост кард, ки нашрияи Азия Нюс-ро барои нашри ахбори дуруғ мабнӣ бар ҷосусии вай ба нафъи Тоҷикистон 10 миллион сом (баробар бо 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ) ҷарима кунад.

Жанс Раззоқов раиси ҳайати ҳукумати Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон аст, ки борҳо дар матбуоти қирғизӣ вайро ба ҷосусӣ барои Тоҷикистон муттаҳам карданд.

Аммо ҳукумати Қирғизистон бо беасос хондани ин иттиҳомот таъкид кардааст, ки Раззоқов дар симатҳои мухталиф аз ҷумла раёсати полиси ноҳияи Ботканд ва раёсати ин вилоят фаолият карда ва дар солҳои ахир масъулияти муовинати нахуствазириро ҳам бар уҳда доштааст ва зоҳиран гуруҳҳое дар паи тахриби ваҷҳаи сиёсии ӯ ҳастанд.

Мавзӯи иддаои ҷосусии муовини нахуствазири Қирғизистон барои Тоҷикистон дар маҷлиси намояндагони Қирғизистон низ баррасӣ шуда буд.

Дар баёнияи ҳукумати Қирғизистон таъкид шудааст, ки фаолияти Жанс Раззоқов ҳамвора бо назорати хадамоти амнияти миллии ин кишвар буда ва дар солҳои тулонӣ ҳеҷ фаолияти машкуке, ки нишон диҳад ӯ барои Тоҷикистон ҷосусӣ мекарда мушоҳида нашудааст.

Аз ин ру Жанс Раззоқов барои дифоъ аз хеш бо муроҷиа ба додгоҳ хостори маҳкум кардани нашрияи Азия-Нюз ба пардохти ҷаримаи молӣ ба маблағи 10 миллион сом (баробар бо 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ) шудааст.