Август 22, 2019 09:46 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши низомӣ дар Осиёи Марказӣ

Размоиши муштараки низомӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Ба нақл аз Бултан Нюз, размоиши муштараки низомӣ миёнаҳои сентябри 2019 миёни нерӯҳои Русия ва нерӯҳои низомӣ аз Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳинд, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор хоҳад шуд.

Идораи иттилоот ва иртибототи Вазорати дифои Русия эълом кард, размоиши фармондеҳӣ-стратегии "Марказ-2019", ки дар он ҳудуди 128000 сарбоз ширкат хоҳанд кард, аз 16 то 21 сентябр баргузор мешаавад.

Дар ин баёния омадааст, барои анҷоми ин размиши муштарак нерӯҳои низомии Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳинд, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат хоҳанд кард.

Ин баёния афзуд, дар маҷмуъ ҳудуди 128 ҳазор низомӣ, беш аз 20 ҳазор воҳид силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ , ҳудуди 600 ҳавопаймо ва ҳадиаксар 15 киштӣ ва нови пуштибонӣ дар ин размоиши муштарак ширкат доранд.

Бар асоси эъломи Вазорати дифоъ, разммоиши амниятии Марказ-2019 "SKSU" охирин марҳила аз маҷмуаи фаолиятҳои марбут ба омӯзиши амалиётии нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия дар соли равон аст.

Аҳдофи аслии ин размоиш баррасии сатҳи омодагии нерӯҳои низомӣ ва нерӯҳои контроли низомии ноҳияи марказии низомӣ, ситодҳои фармондеҳии нерӯҳои низомӣ дар фармондеҳӣ ва контроли нерӯҳо ва афзоиши созгории мутақобил ва сатҳи таомули муштарак дар ҳалли масоили муштарак дар заминаи ҳифзи сулҳ, ҳифозат аз манофеъ ва таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, нишон додани омодагии нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ барои ҳимоят аз манофеи миллӣ аст.

 

Барчасп