Таъкиди Амрико ва Осиёи Марказӣ бар ҳамкории иқтисодӣ ва амниятӣ
(last modified Thu, 22 Aug 2019 06:40:30 GMT )
Август 22, 2019 11:40 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амрико ва Осиёи Марказӣ бар ҳамкории иқтисодӣ ва амниятӣ

Амрико ва Осиёи Марказӣ бар ҳамкории иқтисодӣ ва амниятӣ таъкид карданд.

Ба нақл аз ИРНО, вазирони хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар нишасте бо муовини вазири умури хориҷаи Амрико бар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятии муштарак таъкид карданд.

Дафтари сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон,Туркманистон ва Узбакистон дар шаҳри Нурсултон пойтахти Қазоқистон гирди ҳам омаданд ва баёнияи муштараке содир карданд, ки дар он омадааст, давлатҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико имрӯз дар қолиби С5+1 дар бораи мавзӯоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, ки мавриди нигаронии муштарак аст табодули назар карданд.

Дар ин баёния афзуда шудааст, аз Амрико Девид Ҳил қоим мақоми вазири умури хориҷа дар умури сиёсӣ, аз Қазоқистон Байбут Отамқулов вазири умури хориҷа, аз Қирғизистон Чингиз Айдарбеков вазири умури хориҷа, аз Тоҷикистон Сироҷуддин Муҳриддин вазири умури хориҷа, аз Туркманистон Рашид Муродов вазири умури хориҷа ва аз Узбакистон ҳам Абдулазиз Комилов вазири умури хориҷа дидгоҳҳои худро дар бораи талошҳо барои тақвияти ҳимоят аз интиқолоти иқтисодӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ иброз карданд.

Вазорати умури хориҷаи Амрико идома додааст, онҳо ҳамчунин чолишҳои амниятии минтақаиро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд ва дар бораи иртиқои сулҳу рифоҳ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон гуфтугӯ карданд.

Бино бар ин иттилоия ҳозирон дар ин нишаст ҳимояти худро барои чорчуби таомлии С5+1 ба унвони нишасти бо арзиш барои баҳсу таваҷҷуҳ ба чолишҳои муштарак ва ҳамчунин барои тақвияти ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзии Осиёи Марказӣ таъид карданд.