Кохи духтари Назарбоев дар Швейтсария
Духтари хурдии Нурсултон Назарбоев кохи 63 миллиондолларии Садриддин Оқохон, амуи раҳбари шиаёни исмоилияро харид.
Ба гузориши “Қафқоз таймс”, маҷаллаи швейтсарияии “Билан” дар гузорише, ки рӯзи 21 август мунташир кард, иддао карда, Динора Назарбоева, кӯчактарин духтари раисҷумҳури собиқи Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев кохи маъруферо дар Швейтсария харидааст.
Ин маҷаллаи швейтсарияӣ молики пешини ин кохро шоҳзода Садриддин Оқохон, амуи Оқохони чаҳорум, раҳбари феълии шиаёни исмоилияи ҷаҳон эълом кардааст.
Ин кох, ки дар атрофи шаҳри Женева воқеъ шудааст, ҷузви мероси миллии Швейтсария аст.
Маҷаллаи “Билан” иддао мекунад, ки ин нахустин хариди бузурги духтари Назарбоев дар Швейтсария нест ва дар соли 2009 низ вай манзили дигаре ба арзиши 75 - миллион доллар дар Женева харидорӣ карда буд.
Интишори ин хабар дар ҳоле аст, ки дар моҳҳои пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев ва пирӯзии Қосим Жомарт Тоқаев, ба сабаби фасод ва нобаробариҳои сохторӣ дар Қазоқистон эътирозҳои бисёре сурат гирифтааст.