Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи сармоягузории Швейтсария
Июн 19, 2024 14:08 Asia/Dushanbe
Масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи сармоягузории Швейтсария барои бозорҳои тозатавсеа дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, дар таърихи 18 июни соли 2024, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо раиси Фонди сармоягузории Швейтсария барои бозорҳои рушдёбанда (SIFEM) Йорг Фриден дидору гуфтугӯ кард.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Фонди сармоягузории Швейтсария барои бозорҳои рушдёбандаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Барчасп