Имзои қарордоди ҳамкории Узбакистон ва Бонки тавсеаи исломӣ
(last modified Tue, 27 Aug 2019 08:50:34 GMT )
Август 27, 2019 13:50 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди ҳамкории Узбакистон ва Бонки тавсеаи исломӣ

Узбакистон ва Бонки тавсеаи исломӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба нақл аз Форс, Туронбонк-и Узбакистон ва ширкатҳои Бонки тавсеаи исломӣ барои таъмини молии саноати кучак ва мутавассит қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Ахиран ҳамкориҳои мутақобил байни Узбакистон ва Арабистони саудӣ бо суръати бештаре густариш пайдо кардааст.

Аз ҷумла Узбакистон бо ниҳодҳои мухталиф дар ростои тавсеаи бахши хусусӣ, бозаргонӣ ва молӣ ҳамкориҳои худро густариш додааст.

Ин ниҳодҳои молии ёдшуда дар Узбакистон тарҳҳои сохтмонӣ, кишоварзӣ, зербиноӣ ва ҳамлу нақлӣ иҷро мекунанд.

Ҳамакнун вазоратхонаҳо ва идораҳо аз ҷумла бонкҳои бозаргонии Узбакистон барои таъмини молии тарҳҳои авлавиятдори сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷазб мекунанд.

Дар чорчуби сафари расмии ҳайати Туронбонк ба Ҷадда барои таъмини молии бозори кучак ва мутавассит ва корофаринии хусусии Узбакистон бо ширкатҳои  исломӣ  дар тавсеаи бахши хусусии қарордодӣ ба арзиши 10 миллион доллар ва бо ширкатҳои байналмиллалии исломии бозаргонӣ ва молӣ қарордоде ба арзиши 6 миллион доллар имзо шудааст.

Ин нахустин қарордоди Туронбонк барои ҷазби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ аст ва ин бонк ба фаолияти худ бо дигар ниҳодҳои молӣ барои ҷазби сармоягузориҳо идома медиҳад.