Сентябр 08, 2019 11:23 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши раисҷумҳури Қазоқистон ба таҷаммӯъҳои зиддичинӣ

Раисҷумҳури Қазоқистон дар вокуниш ба баргузории таҷаммӯъҳои зиддичинӣ гуфт: Онҳо бахше аз бозиҳои сиёсӣ аст.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Қосимҷумарт Тоқаев дар нишасти Шӯрои миллии эътимоди иҷтимоӣ дар Нурсултон, бо ишора ба таҷаммӯъҳои зиддичинии ахир дар Қазоқистон эълом кард: Эҷоди ҳассосият аз тариқи халадор кардани ҳисси ватанпарастӣ, бахше аз иқдомоти душманон барои аз байн бурдани ваҳдати мардум ва эҷоди бесуботӣ дар ин кишвар аст.

 Раисҷумҳури Қазоқистон бо таъкид бар инки кишвар бидуни иҷрои тарҳҳои хориҷӣ тавсеъа намеёбад афзуд: Овозаҳо дар бораи таъсиси 55 корхона чинӣ дар Қазоқистон ва вуруди теъдоди зиёди нируи корӣ аз Чин густариш ёфтааст, аммо мардум набояд ба онҳо таваҷҷуҳ кунанд.

 Бар асоси ин гузориш аз ибтидои сентябр, ду таҷаммӯъ дар минтақаи Ҷон  Узуни вилояти Мангистау ва шаҳри Алмаато дар мухолифат бо ҳузури коргарони чинӣ дар Қазоқистон барпо шудааст.

 

Барчасп