Сентябр 10, 2019 18:19 Asia/Dushanbe
  •  Пардохти 8 миллиард сӯм аз қарзҳои хориҷии Қирғизистон

8 миллиард сӯм аз қарзҳои хориҷии Қирғизистон пардохт шуд.

Вазорати дороии Қирғизистон аз мизони 16 миллиарду 204 миллион сӯм барои пардохти қарзҳои хориҷӣ ва дохилии ин кишвар, дар 6 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, давлати Қирғизистон аз ин маблағ ҳудуди 8 миллиарду 398 миллион сӯмро барои пардохти бидеҳии хориҷӣ ва 7 миллиарду 805 миллион сӯм (беш аз 100 ҳазор доллар) - ро барои бидеҳии дохилӣ истифода кардааст.

Тибқи ин гузориш, Вазорати дороӣ дар ҳоли ҳозир бидеҳии давлати Қирғизистон 4 миллиарду 453 миллион доллар аст, ки 3 миллиарду 767 миллион доллари он бидеҳии хориҷӣ аст.

Чин бузургтарин вомдиҳандаи Қирғизистон аст, ки давлати ин кишвар аз тариқи Бонки содиротии худ ба Бишкек 1.7 миллиард долларро ихтисос додааст.

Бонки Ҷаҳонӣ рутбаи дувум дар рутбабандии бузургтарин вомдиҳандагони Қирғизистонро дорад ва Бишкек аз ин созмон 663 миллион доллар вом дарёфт кардааст.