Пешниҳоди намояндаи маҷлиси Қирғизистон барои суръат бахшидан дар аломатгузории марз бо Тоҷикистон
(last modified 2019-09-19T04:38:46+00:00 )
Сентябр 19, 2019 09:38 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди намояндаи маҷлиси Қирғизистон барои суръат бахшидан дар аломатгузории марз бо Тоҷикистон

Намояндаи маҷлиси қонунгузории Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки барои таҳти фишор қарор додани Тоҷикистон ба бозгашт ба музокироти аломатгузории марзи муштарак, бояд интиқоли сӯхт ба ин кишвари ҳамсоя қатъ шавад.

Ба гузориши сомонаи “АКИ Пресс”, Исҳоқ Пирматов бо ишора ба даргирии ахир дар марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки муҷиби кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз марзбонон ва сокинони ин ду кишвар шуд, гуфт, ки яке аз омилҳои асосии вуқӯи ин танишҳо идомаи раванди қочоқи сӯхт ба кишвари ҳамсоя аст, ки бояд ба ин кор поён дод.

Вай бо муттаҳам кардани тарафи Тоҷикистон ба коршиканӣ дар раванди аломатгузории марзи муштарак бо Қирғизистон, хостори поён додан ба интиқоли сӯхт аз тариқи қочоқ ба кишвари ҳамсоя шудааст, ки ба иддаои ӯ метавонад Душанберо барои бозгашт ба музокироти дуҷониба бар сари таъйини хутути марзи мавриди ихтилоф бо Бишкек таҳти фишор қарор диҳад.

Ин дар ҳолест, ки тарафи Тоҷикистон масъулони қирғизро дар тӯл додани аломатгузории марзи муштарак ва нодида гирифтани нақшаҳои мавҷуд барои аломатгузории марзи муштарак муттаҳам мекунад. 

Аммо Исҳоқ Пирматов мегӯяд, ки аъзои тоҷикистонии комиссияи муштараки масоили аломатгузории марзӣ дар мавриди суръат бахшидан дар раванди ниҳоӣ кардани ин созишнома ва поён додан ба танишҳо дар манотиқи мавриди ихтилофи ду кишвар иродаи сиёсии ҷиддӣ нишон намедиҳанд.

Ба гуфтаи Исҳоқ Пирматов, бояд раванди қочоқи сӯхт аз тариқи вилояти Ботканди Қирғизистон ба Тоҷикистон мутаваққиф шавад, ки Душанбе маҷбур хоҳад шуд музокирот барои аломатгузории манотиқи мавриди ихтилоф бо Бишкекро суръат бахшад.

Дар ҳоли ҳозир бахши умдаи сӯхти мавриди ниёзи Тоҷикистон, аз ҷумла бензин, сухти дизелӣ ва гази мойеъ аз Қирғизистон ворид мешавад ва ба гуфтаи коршиносон, таъмин нашудани манофеи гурӯҳҳои қочоқи сӯхт яке аз авомили бурузи танишҳо дар марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя ба ҳисоб меояд.

Бо вуҷуди музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзи муштараки 970 километрии ду кишвар дар 25 соли ахир, танҳо бар сари таъйини 520 километр аз хутути марзии ин ду ҷумҳурии ҳамсоя тавофуқ шуда аст.