Дархости эъзоми намояндаи Қирғизистон ба Русия барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ
(last modified 2019-09-20T14:26:17+00:00 )
Сентябр 20, 2019 19:26 Asia/Dushanbe
  • Дархости эъзоми намояндаи Қирғизистон ба Русия барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ

Яке аз намояндагони порлумони Қирғизистон хостори эъзоми намояндагони ин кишвар барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории қирғиз дар Русия шуд.

Ба гузориши “Форс”, Ҷонор Оқоев, намояндаи порлумони Қирғизистон хостори эъзоми мутахассисони ин кишвар ба Русия барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории қирғиз шуд.

Бинобар суханони вай, дар қаламрави Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири кории қирғиз кор мекунанд, ки бештари онон наметавонанд дастмузди худро бигиранду аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунанд.

Вай хитоб ба мақомоти ин кишвар гуфт, мутахассисони худро ба Русия эъзом кунед то аз ҳуқуқи шаҳрвандони Қирғизистон ҳимоят кунанд.

Токон Маметов, намояндаи Қирғизистон дар посух ба ин дархост гуфт: “Дар авоили оғози фаъолияти ман чунин пешниҳоде матраҳ шуд ва қасд доштем 8 нафарро ба ин манзур ба шаҳрҳои мухталифи Русия эъзом кунем”.

Маметов афзуд, аммо мақомоти зирабти кишвар баррасии ин мавзӯро то поиз ба таъхир андохтанд.

Вай гуфт, аммо барои ҳалли ин масаъла,” мо бо мақомоти Русия тавофуқ кардем ва қарор шуд дар 89 минтақаи Русия бо мардуми мухталифе, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, ҳамкорӣ кунанд”.

 

Барчасп