Дувумин дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ; шояд вақте дигар
(last modified Mon, 23 Sep 2019 08:47:34 GMT )
Сентябр 23, 2019 13:47 Asia/Dushanbe
  • Дувумин дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ; шояд вақте дигар

Муовини вазири умури хориҷаи Қазоқистон гуфт, дувумин дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд то поёни имсол баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ин дидор қарор буд баҳори имсол баргузор шавад, аммо ба тобистон мавкул шуд ва акнун бо поёни тобистон Роман Василченко, муовини вазири умури хориҷаи Қазоқистон аз баргузории он то поёни соли 2019 хабар медиҳад.

Қаблан Илҳом Неъматов, муовини вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон бо таъйиди хабари баргузории ин дидор гуфта буд, ки далели ба таъхир афтодани ин нишаст ҷадвали фишурдаи кории Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аст.

Аммо акнун бар асоси тавофуқи баамаломада миёни сарони кишварҳои минтақа, ин дидор то поёни сол дар Тошканд баргузор хоҳад шуд.

Нахустин дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон ба ибтикори Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон баргузор шуда буд.

Гуфта мешавад, ки ин нишаст боиси густариши ҳамкории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи иқтисодиву тиҷорӣ, бардошта шудани мавонеи гумрукӣ ва осонсозии рафтуомади шаҳрвандони ин кишварҳо ба қаламрави кишварҳои якдигар шуд.