Талош барои истифода набурдан аз пластика дар Қазоқистон
Вазири муҳити зист,заминшиносӣ ва манобеи табии Қазоқистон гуфт : Ба манзури коҳиши истифода аз пластика дар ин кишвар , тақсими (кисаҳо)халтаҳои пластикӣ дар Қазоқистон , дигар ба сурати ройгон арза нахоҳад шуд,балки фурӯхта мешаванд .
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА ,вазири муҳити зист , заминшиносӣ ва манобеи табиӣ , раиси ҳайати утоқи миллии корофаринон ва раиси анҷумани созмонҳои муҳити зист , гуфт ҳадаф аз имзои ин санад , коҳиши истифода аз халтаҳои пластикӣ ва ҷойгузинии онҳо бо кисаҳои муносиб барои муҳити зист , аст .
Дар чорчуби ин тафоҳумнома раиси ҳайати утоқи миллии корофаринони Қазоқистони масъулияти огоҳибахшӣ дар мавриди коҳиши масрафи ин кисаҳои пластикиро бар ӯҳда дорад ва ҳамзамон ҳамаи созмонҳои марбута , бо ҳамкории якдигар барои тарвиҷу тавсеъаи тавлиди кисаҳои оргонику муносиб барои муҳити зист талош мекунанд .
Ба навиштаи ин торнамо , беш аз 11 . 2 дарсади пасмондҳои хонагӣ дар маҳалли дафни партовҳоро , кисаҳои пластикӣ ташкил медиҳанд . Аз байн бурдани комили кисаҳои пластикӣ дар соли 2025 имконпазир хоҳад буд ва корҳои марбута дар ин замина анҷом мегиранд ؛ аммо таҷриба собит карда аст, ки пардохти маблағ барои хариди кисаҳои пластикӣ , истифода аз онҳоро то 30 дарсад коҳиш медиҳад .
Аз ҳудуди 5 то 6 миллион тон партови ҷамъоварӣ шуда дар Қазоқистон дар тӯли як сол , танҳо 10 дарсад аз он бозёфт мешавад .
Аҳолиии Қазоқистон бо 16 миллиону 600 ҳазор нафар , бузургтарин кишвари маҳсӯр дар хушкӣ дар дунё асту ва зиччии ҷамъиятии каме дорад .Пойтахти ин кишвар дар соли 1998 аз Алмаато ,ки бузургтарин шаҳри кишвар аст ба Нўрсултон ( Остонаи пешин ) дар шимол мунтақил шуд .