Ихтисоси буҷаи 17 миллиондолларӣ барои интихоботи парлумонии 2020-и Қирғизистон
Сентябр 27, 2019 20:44 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Қирғизистон аз ихтисоси буҷаи 17 миллиондолларӣ барои баргузории интихоботи парлумонии ин кишвар хабар дод.
Нахуствазири Қирғизистон аз ихтисоси буҷаи 17 миллиондолларӣ барои баргузории интихоботи парлумонии ин кишвар хабар дод.
Ба нақл аз Форс, Муҳаммадқолӣ Абдулқозиев, нахуствазири Қирғизистон дар нишасти Кабинаи вузаро аз буҷаи 1,2 миллиард сом (17 миллион доллар) барои баргузориии интихоботи парлумонии ин кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи вай ин ҳазинаҳо дар барномаи буҷаи соли 2020 дар назар гирифта хоҳад шуд.
Дар соли оянда дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад, ки дар ҳоли ҳозир таърихи дақиқи баргузории он эълом нашудааст.