Октябр 02, 2019 20:39 Asia/Dushanbe
  • 150 миллиард доллар сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон

Нахуствазири Қазоқистон ниме аз сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар иқтисоди ин кишварро мутааллиқ ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо донист.

Аскар Момин, нахуствазири Қазоқистон барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо, муқими Нурслтон дидор кард.

Ба гузориши “Форс”, вай дар суханоне бо баёни ин ки беш аз нисфи сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди Қазоқистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муртабит аст, гуфт, аз соли 2005 то нимаи аввали соли ҷории мелодӣ Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон ҳудуди 150 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Аскар Момин дар идома Иттиҳоди Аврупоро бузургтарин шарики тиҷории Қазоқистон унвон кард ва гуфт, дар 6 моҳаи аввали соли 2019 мелодӣ мубодилаи коло ва хадамот миёни 2 тараф тақрибан ба 20 миллиард доллар расид.

Вай гуфт, саҳми коршиносони Иттиҳоди Аврупо барои таҳия ва иҷрои бархе стратегияҳои асосӣ ва аснод дар заминаи мудирият, хусусисозӣ, диҷитолсозӣ, мушорикати бахши хусусӣ ва давлатӣ ва тавсеаи пойдор бисёр муҳим буд.

Нахуствазири Қазоқистон афзуд, тазмини рушди ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва тиҷорат яке аз масирҳои авлавиятдори фаъолияти давлати Қазоқистон мебошад.

Момин дар бахши дигаре аз суханон, аз суфарои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хост, гуфтугӯи боз ва фаъол дар замина тарвиҷи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупоро идома диҳанд.

 

 

 

 

 

Барчасп