Вазири умури хориҷаи Узбакистон дар Созмони милал аз нерӯгоҳи "Роғун" ҳарфе назад
(last modified 2016-09-25T05:25:52+00:00 )
Сентябр 25, 2016 10:25 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Узбакистон дар Созмони милал аз нерӯгоҳи

Барои бори нахуст мавзӯи нерӯгоҳи барқӣ обии "Роғун" дар Тоҷикистон, дар суханронии имсоли вазири умури хориҷаи Узбакистон дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Ойрк матраҳ нашуд.

Ба гузориши сойти Top tj,  Абдулазиз Камолов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дар суханронии худ дар 71-умин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Ойрк, барои бори нахуст дар солҳои ахир мавзӯи ихтилофбарангиз бо Тоҷикистон бар сари нерӯгоҳи барқӣ обии "Роғун"-ро ёдоварӣ накард.

Ин дар ҳоле аст, ки вай тайи суханронии қаблии хеш дар солҳои 2013, 2014 ва 2015 дар нишасти Маҷмаи умумии СММ, ҳамвора мухолифати Узбакистон бо идомаи сохти нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ-обӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизстонро иброз мекард, ки ин мавзӯъ аз дидгоҳи мақомоти давлати Тошканд мӯҷиби бурузи буҳрони камбуди об дар Осиёи Марказӣ мегардад.

Коршиносони масоили минтақа, далели худдории вазири умури хориҷаи Узбакистон дар суханронии худ Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Ойрк, дар бораи ёдоварии мавзӯи нерӯгоҳи барқӣ обии "Роғун"-ро, навъе коҳиши таниш миёни Тошканд ва Душанбе ва тамаркузи ин ду кишвари ҳамсоя бар сари масоили муҳимме, назири муборза бо терроризм ва авомили ноамнӣ дар минтқа унвон мекунанд.

Такмили сохти тарҳи нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун барои Тоҷикистон аз аҳамияти роҳбурдӣ бархӯрдор мебошад, чаро, ки дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар солона наздик ба 17 миллиард килаватт соат/барқ тавлид мешавад, ки дар шаш моҳи сармо, мақомоти ин ҷумҳурӣ маҷбӯр мешаванд ба иллати коҳиши ҳаҷми оби рӯдхонаҳо ва аз кор афтодани турбинаҳо дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ, барқро ҷирабандӣ кунанд. Аммо нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун бо шаш турбина, аз зарфияти тавлиди 14 миллиард киловатт соат/барқ дар сол бархӯрдор аст, ки ин турбинаҳо заминаи поён додан ба буҳрони камбуди барқ дар фасли сарморо дар Тоҷикистон фароҳам мекунанд.