Маҳкум шудани коршиноси маъруфи қазоқ ба 10 сол ҳабс
Коршиноси маъруфи қазоқ ба 10 сол ҳабс маҳкум шуд.
Ба нақл ааз Форс, Константин Сиражкин коршиноси масоили сиёсии Чин ва пажуҳишгари аршади Маркази мутолиоти стратегии Қазоқистон ба иттиҳоми хиёнат ба давлат ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.
Дар баёнияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон дар ин маврид гуфта мешавад, ки ин ҳукм дар 7 октябр аз сӯи додгоҳи шаҳри Алмаатои ин кишвар алайҳи Константин Сиражкин содир шудааст.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон дар баёнияи худ танҳо дар мавриди боздошти ин коршиноси 63 сола дар моҳи феврали соли равон ба иттиҳоми ҷосусӣ хабар дода ва аз ифшои ҷузъиёти дигар дар ин маврид худдорӣ кардааст.
Нахустин иттилоот дар мавриди боздошти ин коршиноси сиёсӣ дар моҳи май расонаӣ шуд ва баъдан расонаҳо бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон хабар доданд, ки Сиражкин дар таърихи 19 феврал ба иттиҳоми хиёнат ба давлат боздошт шудааст.
Рӯзномаи амрикоии Wall street Journal дар таърихи 10 июли соли равон дар матлабе бо истинод ба манобеи худ муддаӣ шуда, ки эҳтимолан ин коршинос асноди сирриро дар баробари пул дар ихтиёри чиниҳо мегузошт.
Ин рӯзнома хотирнишон карда, ки Сиражкин дар замоне, ки Қосим Жомарт Токаев раиси ҷумҳури кунунии Қазоқистон симати нахуствазири ин кишварро бар уҳда дошт дар вазифаи мушовири вай дар умури Чин фаолият мекард.