Ноябр 05, 2019 12:47 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти Камиссиони муштараки байнидавлатии Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон

Дар нишасти Камиссиони муштараки байнидавлатии Туркманистон ва Тоҷикистон дар Ишқобод роҳҳои густариши ҳамкориҳои ин ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба нақл аз сомонаи иттилоърасонии Вазорати умури хориҷаи Туркманистон, раёсати ин камссионро аз тарафи Туркманистон Бозоров вазири иқтисод ва молияи Туркманистон ва аз тарафи Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода вазири энержӣ ва захираҳои оби ин кишвар бар уҳда доштанд.

Дар ин нишаст роҳҳои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ миёни Туркманистон ва Тоҷикистон, ки таи ду соли ахир ба шиддат коҳиш ёфтааст баррасӣ шуд.

Ҳамчунин тарафҳо дар бораи тарҳи сохти роҳи оҳани минтақаӣ миёни Туркманистон-Афғонистон ва Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд.

Давлати Туркманистон бахши марбут ба ин кишварро дар тарҳи ин роҳ минтақаӣ то марзи Афғонистон такмил кардааст ва Кобул ва Душанбе бояд дар мавриди идомаи сохти ин роҳи оҳан иқдом кунанд.

Пеш аз ин миёни Туркманистон ва Тоҷикистон ихтилофи назар дар заминаи маҳалли иттисоли ин роҳ, ки бандари Шерхон дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон аст ва ноҳияи шаҳри Тус дар вилояти Хатлон ихтилоф доштанд.

Туркманистон аз моҳи августи соли 2018 бо таъхир мошинҳои боркаши Тоҷикистонро дар марзҳои худ пазириш мекунад ва дар бораи ин мавзӯъ то кунун ҳеҷ изҳори назаре накардааст.

Ба гуфтаи коршиносон эҳтимолан давлати Туркманистон ба иллати мушорикат надоштан дар амалиёти сохти роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон, Тоҷикистон, тавассути давлати Душанбе ин сахтгириҳоро барои ин кишвар дар наазар гирифтааст.

Аммо дар хабари марбут ба нишасти Камиссиони муштараки байнидавлатии Туркманистон ва Тоҷикистон дар Ишқобод дар бораи ҳалли мушкили таъхири мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави Туркманистон ҳеҷ ишорае нашудааст.

Барчасп