Ноябр 12, 2019 17:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Қазоқистон бо мақомоти олӣ ва туҷҷори Туркия

Нахуствазири Қазоқистон дар сафар ба Туркия бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳур ва Фуод Уктой, муовини вай дидор кард.

Мамин дар дидор бо Эрдуғон гуфт, ҳамкории миёни ду кишвар дар ҳама заминаҳо ба таври пӯё дар ҳоли тавсеа аст ва появу асос барои иртиқои равобити дуҷонибаи Қазоқистону Туркия то сатҳи ҷадид фароҳам шудааст. Ба гузориши “Форс”, вай гуфт, нахустин раисҷумҳур ва раисҷумҳури феълии Қазоқистон Туркияро ба унвони яке аз шарикони аслӣ ва стратегии Нурсултон медонанд. Мамин афзуд, дар қаламрави Қазоқистон беш аз 4.2 ҳазор ширкат бо мушорикати сармояи Туркия сабт шуда, ки дар заминаҳои энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, бахшҳои муҳандисӣ, сохти зерсохтҳо ва соири ҳавзаҳо фаъоланд.

Дар 9 моҳи соли ҷории милодӣ мубодилаи тиҷории миёни ду кишвар то 2.3 миллиард доллар расид, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузаштаи милодӣ 68 дарсад бештар аст. Интизор меравад, ки то поёни соли ҷории милодӣ ҳаҷми гардиши молии миёни ду кишвар то 3 миллиард доллар афзоиш ёбад. Дар ҳоли ҳозир маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба таври муштарак бо Туркия иҷро мешаванд, беш аз 6 миллиард долларро ташкил медиҳанд.

Дар ин музокирот масоили марбут ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, тадорукот ва кишоварзӣ маврид баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Дар поёни ин иҷлос Барномаи иқдоми муштарак ба тасвиб расид, ки муташаккил аз 65 банд дар арсаҳое монанди тиҷорат, сармоягузорӣ, саноеъ, ҳамлу нақл, омӯзиш, беҳдошт ва гардишгарӣ мебошад. Илова бар ин тавофуқномаи байнидавлатӣ дар заминаи ҳамлу нақл, таркиби байналмилалии коло, Протоколи иқдоми муштарак барои барномаи муштараки иқтисодӣ таҳти унвони «Ҳамафзои ҷадид» барои солҳои 2019-2021, ҳамчунин тафоҳумномаи байни Вазорати тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон ва Вазорати тиҷорати Туркия дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи маҳсулоти ҳалол ба имзо расид.

 

Барчасп