Қирғизистон, мизбони нишасти баъдии сарони СПАД
Ноябр 12, 2019 17:59 Asia/Dushanbe
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар 27 ва 28 ноябр дар шаҳри Бишкек хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар гузорише эълом кард, ин нишаст ба раёсати Қирғизистон ва бо ҳузури руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Арманистон баргузор мешавад.
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 1992 ва бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд.