Баррасии 21 мавзӯ дар нишасти сарони СПАД дар Бишкек
(last modified Mon, 25 Nov 2019 13:36:05 GMT )
Ноябр 25, 2019 18:36 Asia/Dushanbe
  • Баррасии 21 мавзӯ дар нишасти сарони СПАД дар Бишкек

Раиси бахши сиёсати хориҷии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қирғизистон аз баррасии 21 масъала дар қолаби нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) дар Бишкек хабар дод.

Дониёр Сидиқов, раиси бахши сиёсати хориҷии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қирғизистон дар нишасти матбуотӣ аз баррасии 21 масъала дар қолаби нишасти сарони СПАД дар шаҳри Бишкек хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вай гуфт, дар таърихи 28 ноябр дар пойтахти Қирғизистон нишаст сарони кишварҳои узви СПАД баргузор мешавад.

Сидиқов идома дод, дар ин ҷаласа Сооронбай Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон, Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ва Сергей Лебедев, раиси кумитаи иҷроии созмони Ҳамсуд ҳузур хоҳанд дошт.

Сидиқов афзуд, ибтикори ҷумҳурии Қирғизистон барои тавсеаи таомулот ва ҳамкорӣ барои тақвияти амнияти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, яке аз масоили аслии мавриди баррасии сарон ин созмон хоҳад буд.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ  дар соли 1992 ва бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд.