Самарқанд мизбони нишасти минтақаии Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ
(last modified Mon, 25 Nov 2019 14:00:00 GMT )
Ноябр 25, 2019 19:00 Asia/Dushanbe
  • Самарқанд мизбони нишасти минтақаии Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ

Нишасти минтақаии Осиёи марказӣ дар ҳавзаи гардишгарӣ рӯзҳои 26 ва 27 ноябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.

Шаҳрҳое монанди Пенанг (Малайзия), Тифлис, Танджунг Пандан (Индонезия) ва Гаага (Нидерланд) аз ҷумлаи ширкаткунандагони ин нишаст ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, баргузории ин нишаст имконоти бештареро барои иртиқои зарфияти гардишгарии Узбакистон дар ҷаҳон бо истифода аз таҷрубаи шаҳрҳои бузург дар ин замина фароҳам мекунад.

Бояд таъкид кард, ки Самарқанд нахустин шаҳр дар байни шаҳрҳои Узбакистон мебошад, ки дар оғози соли 2019 милодӣ узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои гардишгарӣ (WTCF) шудааст.

Ин созмон шомили 142 шаҳр ва 80 ниҳоди байналмилалӣ аст.

Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои гардишгарӣ (WTCF), як созмони байналмилалии гардишгарӣ мебошад, ки дар таърихи 15 сентябри соли 2012 ба ибтикор Пекин бо ҳамкории шаҳрҳои маъруфи туристӣ ва муассисоти марбут ба гардишгарӣ дар тамоми ҷаҳон эҷод шудааст.