Ноябр 29, 2019 17:14 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои 2 чархбол ва таҷҳизоти низомӣ тавассути Русия ба Қирғизистон

Вазорати дифои Русия дар ҷиҳати афзоиши ҳамкориҳои низомӣ бо Қирғизистон, ба ин кишвар 2 чархбол ва таҷҳизоти низомӣ эъто кард.

Бар асоси гузориши ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, маросими расмии эҳдои таҷҳизоти низомӣ ва чархбол (болгард) - ҳои русӣ дар пойгоҳи ин кишвар дар шаҳри Канти Қирғизистон баргузор шуд.

Ба гузориши “Форс”, дар ин маросим Нурлан Чомаев, муовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Александр Фомин, муовини вазири дифои Русия ҳузур доштанд.

Дар ин маросим дар ҷиҳати афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба чархболҳои “МИ 8- АМ ТИ” ва радарҳои ҳавоии “ПА 18” аз тарафи давлати Русия ба нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ба унвони кумаки билоиваз эъто шуд.

Муовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон гуфт, таъмини субот ва амнияти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ аз авлавияти вижае бархурдор аст ва ин тарҳ ҳамкории наздики ниҳодҳои амниятии кишварҳои мухталифро талаб мекунад.

Русия дар кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои пойгоҳи низомӣ аст ва ҳарсола ба ин кишварҳо дар ҷиҳати мубориза бо афзоиши хатари терроризм ва ифротгароӣ кумакҳое дар ин замина сурат мегирад.