Ноябр 29, 2019 19:13 Asia/Dushanbe
  • Боздошти Эркин Сопоков - консули собиқи Қирғизистон дар Истанбул

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Эркин Сопоков, консули собиқи ин кишвар дар шаҳри Истанбулро боздошт кард.

Ба гузориши “Форс”, дар ҳамин замина дар Туркия парвандаи қазоӣ марбут ба фасоди молӣ ва сӯиистифода аз ихтиёрот бар алайҳи Сопоков ташкил шудааст.

Дар ҳоли ҳозир вай дар боздошти муваққати Кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.

Ин боздошт дар ҳоле аст, ки дар маҳалли қатли Аеркена Саймаити, тоҷири уйғуртабори чинӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Истанбули Туркия ба қатл расид, мошине бо шумораи дафтари консулгарии Қирғизистон қарор дошт.

Вазорати умури хориҷа таъйид кард, ки Сопокоф ба таври ғайриқонунӣ мошини худро дар ихтиёри Саймаити қарор дод ва консули қирқиз дар Истанбул пас аз ин мавзуъ барканор шуд.