Декабр 06, 2019 16:54 Asia/Dushanbe
  • Токаев: Қазоқистон абзори Ғарб барои фишор бар Чин нест

Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, ин кишвар абзори кишварҳои ғарбӣ барои фишор бар Чин нест.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қосим Ҷомарт Токаев дар мусоҳиба бо хабарнигори “Дойче Велле” –и Олмон гуфт, Чинҳаросӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст ва Қазоқистон набояд ба унвони дастовези кишварҳои ғарбӣ бар алайҳи Пекин қарор гирад.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон афзуд, Чин ва Амрико дар ҷанги тиҷорӣ бо якдигар даргир ҳастанд ва барои ҳамин мавзӯи Чинҳаросӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст.

Токаев бо ишора ба урдугоҳҳои “бозомӯзӣ” дар Чин гуфт, дар Синкиёнг шаҳрвандони Чин ба сар мебаранд ва бисёре аз иттилооте, ки созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ дар бораи шиканҷаи қазоқҳои ин минтақа мунташир мекунанд, бо воқеият мутобиқат надорад.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчунин зимни таъкид бар равобити мубтанӣ бар ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимод байни Русия ва Қазоқистон афзуд, илҳоқи Қрим ба Федератсияи Русия тарсе барои Қазоқистон дар пай надоштааст.

 

Барчасп