Таҷаммуи эътирозӣ бо мавзӯи озодии расонаҳо дар Бишекек
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i49123
Манобеи хабарӣ аз баргузории таҷаммуи эътирозиомез дар Бишкек дар охирҳои ин ҳафта хабар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 14, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи эътирозӣ бо мавзӯи озодии расонаҳо дар Бишекек

Манобеи хабарӣ аз баргузории таҷаммуи эътирозиомез дар Бишкек дар охирҳои ин ҳафта хабар доданд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ин таҷаммуи эътирозӣ барои дифоъ аз озодии расонаҳо дар рӯзи чаҳоршанбе баргузор мешавад.

Далели эътирозоти иҷтимоӣ шикояти Раҳим Матраймов муовини собиқи гумруки Қирғизистон машҳур ба Раҳим Миллион аз расонаҳои маҳаллӣ аст.

Моҳи гузашта дар расонаҳои қирғизистонӣ матлабҳое дар бораи фасод дар гумруки ин кишвар ва ҳузури Матраймов мунташир шуда буд.

Тибқи ин матлабҳо Матраймов дар ҳамкорӣ бо тоҷирони чинӣ беш аз 700 миллион долларро аз Қирғизистон ба таври ғайриқонунӣ ба кишварҳои дигар мунтақил кардааст.

Матраймов ин иттилоотро таид накарда ва аз талоши расонаҳои маҳаллӣ барои тахриби вай ва аъзои хонаводааш шикоят кардааст.