Қатл, иттиҳоми ҷадиди зидди раисҷумҳури пешини Қирғизистон
Декабр 15, 2019 22:35 Asia/Dushanbe
Вазири кишвари Қирғизистон аз иттиҳом ба қатл дар парвандаи раисҷумҳури пешини ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши Тасним, Кашкар Ҷунушалиев гуфт, натоиҷи баррасиҳои майдонӣ нишон медиҳад, ки Усин Ниёзбеков, муовини раиси нерӯҳои вижаи Қирғизистон бо аслаҳаи мутааллиқ ба Алмосбек Отамбоев кушта шуд.
Вазири кишвари Қирғизистон ҳасчунин таъкид кард, ҳанӯз дақиқан мушаххас нест, ки чи касе ин шилликро анҷом додааст.
Увсин Ниёзбеков 10-уми августи гузашта бар асари исобати гулӯла кушта шудааст.