Декабр 16, 2019 19:37 Asia/Dushanbe
  • Имзои санади мамнуияти комили истихроҷи уран дар Қирғизистон

Санади мамнуияти комили истихроҷи уран дар Қирғизистон имзо шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сооронбай Жээнбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон қонуни мамнуияти ҳар гуна фаъолият дар захоири уранро имзо кард.

Ҳадафи ин қонун ҳифзи муҳити зист ва мардуми кишвар аз маводи ҳастаӣ аст.

Тибқи ин санад фаъолияти омӯзишӣ ва истихроҷ дар майдонҳои уран мамӯъ шуда ва муҷаввизи ширкатҳои хусусӣ барои истихроҷ ботил мешавад.

Илова бар ин, воридоти маводи ҳастаӣ ба Қирғизистон низ мамнуъ шуд.

Шоёни зикр аст, ки қонуни мазкур пас аз таҷаммӯҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Бишкек дар таърихи 21 октябри соли ҷорӣ, тавассути парлумони Қирғизистон тасвиб шуд.

Фаъолони иҷтимоӣ бо ишора ба истихроҷи уран дар минтақаи Қизил-Омполи устон Иссиқкул бар таҳдидоти ношӣ ин маъдан таъкид ва дар таҷаммӯҳо тақозои мамнуияти фаъолият дар ин майдонҳоро карданд.

Коршиносони мустақил аз осеби тасвиби ин санад барои иқтисоди Қирғизистон хабар медиҳанд ва ба гуфтаи онон ширкатҳои хусусӣ, ки қаблан муҷаввизи фаъолият дар майдонҳои уран доштанд ҳатман ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят хоҳанд кард.