Узбакистон: Ҳамаи гурӯҳҳои Афғонистон бояд дар эҷоди сулҳ ва амният мушорикат кунанд
(last modified 2019-12-18T13:50:54+00:00 )
Декабр 18, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон: Ҳамаи гурӯҳҳои Афғонистон бояд дар эҷоди сулҳ ва амният мушорикат кунанд

Муовини дабири Шӯрои амнияти миллии Узбакистон дар нишасти Теҳрон гуфт, ки ин кишвар аз мушорикати ҳамаи гурӯҳҳо ва ҷомеаи Афғонистон дар раванди эҷоди сулҳ ва амният ҳимоят мекунад.

Ба гузориши “Форс”, Бобуршоҳ Яъқубов, муовини дабири Шӯрои амнияти миллии Узбакистон дар дувумин конфронси гуфтугӯи амнияти минтақаӣ, ки имрӯз (чаҳоршанбе) бо мавзӯи Афғонистон, дар Теҳрон баргузор шуд, гуфт, ки Тошканд тамоми талоши худро барои эҷоди сулҳу субот дар Афғонистон ба кор мегирад.

Вай гуфт, ки кишварҳои узви ин нишаст мавозеи муштараке дар мавриди амнияти минтақаӣ доранд ва мешавад аз ин фурсат барои коҳиши чолишҳои амниятии мавҷуд баҳра гирифт.

Ӯ субот дар Афғонистонро муҷиби афзоиши амният дар Осиёи Марказӣ, ғарби Осиё ва Осиёи Дур донист ва таъкид кард, Узбакистон ҳама талоши худро барои ҳамкории минтақаӣ ба манзури эҷоди сулҳу амният дар Афғонистон ба кор хоҳад гирифт ва аз мушорикати ҳамаи гурӯҳҳо ва мардум ҳимоят мекунад.

Яъқубов таваҷҷуҳ ба тавсеаи Афғонистон ва эҳёи иқтисоди зарбадидаи ин кишварро дар эҷоди амният зарурате унвон кард ва афзуд, сармоягузории кишварҳои минтақа дар Афғонистон барои эҷод шуғл метавонад аввалин гом барои равнақи иқтисодӣ дар ин кишвар бошад.