Декабр 24, 2019 12:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории роҳбурдӣ мавзӯи гуфтугӯи телефонии Раҳмон ва Токаев

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси ҷумҳури Қазоқистон дар тамоси телефонӣ дурнамои ҳамкориҳои роҳбурдии 2 кишварро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз Форс, дар ин гуфтугӯ таъкид шуд, ки ҳамкориҳои 2 кишвар бо рушди пойдор ру ба ру аст.

Раҳмон ва Токаев зимни суҳбат дар мавриди масоили муҳими минтақаӣ ва байналмиллалӣ бар омодагии худ ҷиҳати тадовуми ҳамкориҳои давлатӣ дар тамомии заминаҳо таъкид карданд.

Дар ин росто раиси ҷумҳури Қазоқистон аз ҳамтои тоҷики худ барои сафари расмӣ ба Нурсултон дар фурсати муносиб даъват кард.

Тарафайн ҳамчунин фарорасидани соли навро ба якдигар табрик ва барои мардуми 2 кишвар рифоҳ, сулҳ ва шукуфоиро орзӯ карданд.

Барчасп