Декабр 26, 2019 13:13 Asia/Dushanbe
  • Эрон баргузории интихоботи парлумони Узбакистонро табрик гуфт

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангуи вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чоршанбе баргузории мувафақиятомези интихоботи парлумонӣ дар Узбакистонро ба миллати ин кишвар табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, даври нахусти интихоботи парлумонии Узбакистон рӯзи якшанбе бо рақобати 5 ҳизби сиёсӣ баргузор шуд.

Дар ин интихобот, Ҳизби Либерол демократи Узбакистон (UZLiDeP )  вобаста ба Шавкат Мирзоев раиси ҷумҳурии ин кишвар бо касби 43 курсӣ аз маҷмуъ 128 курсӣ бештарин теъдоди курсиҳои парлумони ин кишварро азони худ кард.

Даври дуввуми интихоботи парлумони Узбакистон аввалҳои соли ояндаи милодӣ ( 2020 ) баргузор хоҳад шуд.

Даври дуввуми интихоботи парлумонии Узбакистон, таклифи 22 курсии боқимонда мушахас хоҳад шуд.

Парлумони Узбакистон 150 курсӣ дорад.