Ҷон бохтани 15 нафар бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбарии Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i49458-Ҷон_бохтани_15_нафар_бар_асари_суқути_ҳавопаймои_мусофирбарии_Қазоқистон
Бар асари суқути як ҳавопаймои мусофирбарӣ дар Қазоқистон 15 нафар ҷон бохтанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 27, 2019 13:58 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 15 нафар бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбарии Қазоқистон

Бар асари суқути як ҳавопаймои мусофирбарӣ дар Қазоқистон 15 нафар ҷон бохтанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алолам”, давлати Қазоқистон эълом кард, як ҳавопаймои мусофирбарии ин кишвар бо 95 сарнишин бомдоди рӯзи ҷумъа дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон суқут кард, ки бар асари он дастикам 50 нафари дигар, аз ҷумла чанд кӯдак ҳам захмӣ шуданд.

Гуфта шудааст, ки ҳоли 5 нафар вахим аст ва имкони афзоиши шумори куштаҳо вуҷуд дорад.

Вазорати саноат ва тавсеаи зерсохтҳои Қазоқистон иллати суқути ин ҳавопаймои мусофирбариро аз даст додани таодул дар ҳангоми боло рафтан ва бархурд бо девораи бетонии як сохтмони ду табақа эълом кард.

Бинобар эъломи созмони ҳавопаймоии Қазоқистон, ин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Алмаато озими шаҳри Нурсултон, пойтахт будааст.

Қосим Ҷомарт Токаев, раисҷумҳури Қазоқистон низ зимни таслият ба бозмондагони ин сониҳа, муҷозоти авомили суқути ин ҳавопаймои мусофирбариро хостор шуд.

Кумитаи ҳавопаймоии кишварии Қазоқистон низ эълом кард, то мушаххас шудани натоиҷи ниҳоии таҳқиқот дар бораи ин сониҳаи ҳавоӣ, парвози тамоми ҳавопаймоҳои модели “Фоккер - 100” мутаваққиф аст.