Декабр 27, 2019 19:55 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти раисҷумҳури Қирғизистон дар нишасти хабарии солона

Раисҷумҳури Қирғизистон дар нишасти хабарии солонаи худ ба суолоти хабарнигорон дар бораи авзои дохилӣ ва сиёсатҳои хориҷии ин кишвар посух дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Соронбой Жээнбеков дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа, дар ҳузури хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, дар бораи ҷиҳатҳои аслии фаъолиятҳо ва сиёсатҳои давлат дар тавсеаи манотиқ, диҷитолӣ кардани кишвар ва сиёсатҳои хориҷии Қирғизистон сухан гуфт.

Раисҷумҳури Қирғизистон бо радди фишор бар руқабои сиёсии худ ва таъкид бар ҳимоят аз озодии расонаҳо, ҳамчунин дар бораи чигунагии баргузории интихоботи парлумони ин кишвар низ гуфт, ин интихобот ба сурати одилона баргузор хоҳад шуд ва касоне, ки бештарин раъйро касб кунанд, вориди парлумон мешаванд.

Жээнбеков дар идома бо таъйиди ин ки ихтилофоти марзии Қирғизистон бо ҳамсоягонаш то 80 дарсад ҳал шудааст, ояндаи кишвараш бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро низ мусбат арзёбӣ кард.

Раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон аст, ки дорои 976 километр марзи муштарак ҳастанд ва то имрӯз танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шуда ва ин мавзуъ то кунун мунҷар ба даргириҳои мухталиф байни сокинони манотиқи марзии ду кишвар шудааст.