Январ 12, 2020 17:45 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи руасои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи даргириҳои марзӣ

Руасои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гуфтугӯи телефонии охирин, авзои марзии байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соронбой Жээнбеков, раиси Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин гуфтугӯи телефонӣ бар идомаи раванди музокирот дар бораи масоили марзӣ таъкид карданд.

Руасои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи фаъолсозии мулоқотҳо ва фаъолиятҳои гурӯҳҳои кории ду кишвар бо ҳадафи ҷилавагирӣ аз вахимтар шудани авзоъ дар манотиқи марзӣ тавофуқ карданд ва вазоратхонаҳои муртабит дар ду кишварро муваззаф ба пайгирии ин мавзӯъ карданд.

Нуҳӯми январ дар манотиқи марзии устонҳои Суғд ва Ботканд даргирии марзӣ рух дод.

Дар паи ин даргириҳо мақомоти ду кишвар якдигарро ба оғози таниш дар ин ду устон муттаҳам карданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 971 километр марзи муштарак доранд, ки 519 километр аз он ҳамчунон мавриди баҳси ду кишвар аст.

 

Барчасп