Феврал 05, 2020 18:57 Asia/Dushanbe
  • Амрико миллионҳо доллар барои бесуботсозии Қирғизистон ҳазина мекунад

Як рӯзномаи қирғизӣ бо ишора ба ирсоли маҳмулае машкук барои сафорати Амрико дар Бишкек, аз афзоиши таъмини молии гурӯҳҳои мухолифи давлати Қирғизистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, рӯзномаи “Дело” навиштааст, дар остонаи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон мақомоти сафорати Амрико дар Бишкек 60 миллион доллар пули нақд барои таъмини молии ҷунбишҳои мухолифи давлати ин кишвар дарёфт карданд.

Дар моҳи ноябри соли гузашта маҳмулаи дипломатии 880 килограмӣ, шомили 26 ҷаъбаи муҳрумумшуда вориди фурудгоҳи байналмилалии “Манас” шуд, ки 15 мақоми сафорати Амрико барои дарёфти он ба фурудгоҳ рафтанд.

Давлати Қирғизистон ба далели масунияти сиёсии амволи сафоратхонаҳо, ҳаққи баррасии ин маҳмуларо надорад.

Гуфта мешавад, ҳудуди 60 миллион доллар, муодили чаҳор миллиард суми қирғизӣ бо ин ҷаъбаҳо ба Қирғизистон ирсол шудааст, ки барои тарвиҷи бесуботӣ дар ин кишвар ва соири кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода шавад.

Бар асоси иттилооти манобеи огоҳ дар солҳои ахир созмонҳои ғайридавлатии Амрико дар Қирғизистон, ки Амрико ононро гурӯҳҳои фишори сиёсӣ меномад, беш аз 780 миллион доллар дарёфт кардаанд.

Сафорати Амрико дар дигар маворид ҳазинаҳои худро аз тариқи бонкҳо пардохт мекунад, аммо дар моҳҳои ахир маҷбур ба таҳвили пули нақдӣ шудааст. Зеро бо тасвиби қонуни мубориза бо таъмини молии терроризм, давлати Қирғизистон амнияти молиро тақвият ва назорат бар фаъолиятҳои бонкиро сахттар кардааст.

Коршиносони сиёсӣ муътақиданд, хадамоти иттилоотии Амрико дар остонаи интихоботи парлумонии Қирғизистон аҳдофе ҳамчун тахриби сиёсатмадорони алоқаманд ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Русия ва кишварҳову созмонҳои минтақа, ҷилавгирӣ аз тасвиби қонуни ташдиди назорат бар созмонҳои ғайридавлатӣ, тахриби равобити дуҷонибаи Қирғизистон бо Узбакистон ва Тоҷикистон ва бузургнамоии даргириҳои марзӣ ва тахриби арзишҳои хонаводагӣ ва суннатҳои миллиро дунбол мекунанд.

Матолиби муртабит: 

Бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар Қирғизистон

Пешниҳоди Тоҷикистон барои муовизаи бахше аз шаҳраки Сомониён ба Қирғизистон барои ҳали ихтилофҳои марзӣ

Таъкиди мақомоти Эрон ва Қирғизистон бар густариши ҳамкориҳо