Феврал 11, 2020 20:47 Asia/Dushanbe
  • «Корона» - омили гаронӣ ва камбуди бархе колоҳо дар Қирғизистон

Коршиноси масоили иқтисодии Қирғизистон бо ишора ба баста шудани марзҳои муштараки қирғизӣ – чинӣ изҳор дошт, ин иттифоқ мунҷар ба камбуди коло дар бозорҳои кишвар ва гарон шудани бархе маҳсулот мешавад.

Ба гузориши “Форс”, Таланбек Абдиров, коршиноси масоили иқтисодии Қирғизистон бо ишора ба баста шудани марзҳои муштараки қирғизӣ – чинӣ изҳор дошт, ин иттифоқ мунҷар ба камбуди коло дар бозорҳои Қирғизистон ва гарон шудани бархе маҳсулот мешавад. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозири иттилооти дақиқе дар бораи таърихи боз шудани марзҳои муштарак бо Чин вуҷуд надорад ва бо таваҷҷуҳ ба ин омил метавон гуфт, ки туҷҷори қирғиз бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ин коршинос гуфт, Қирғизистон маҳалли транзити колоҳои чинӣ аст, бинобар ин баста шудани марзҳо ба муддати тӯлонӣ таъсири манфӣ бар иқтисоди ин кишвар мегузорад. Ӯ гуфт: “Бояд қочоқи колоҳоро ҳам дар назар бигирем, зеро ин омил ба мубориза бо камбуди коло кумак хоҳад кард”. Вай афзуд, илова бар ин Чин ҳар сол дар авохири моҳи январ ба муносибати Ҷашни Соли Нави чинӣ фаъолияти дидбонгоҳҳои марзиро мутаваққиф мекунад.