Феврал 22, 2020 20:51 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон судури виза барои шаҳрвандони Чинро мутаваққиф кард

Муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон аз таваққуфи судури виза барои шаҳрвандони чинӣ ба иллати шуюи коронавирус хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Нурлон Абдураҳмонов рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, агар вазъияти марбут ба коронавирус беҳтар шуд Қирғизистон маҳдудиятҳои визаиро ҳазф ва марзҳои муштаракро боз мекунад.

То кунун беш аз ду ҳазору 250 нафар дар саросари ҷаҳон аз ҷумла ду ҳазору 236 нафар дар Чин бар асари бемории бархоста аз коронавирус ҷон бохтаанд.

Коронавирус, ки авохири декабри соли гузашта барои нахустин бор дар шаҳри Вуҳан дар вилояти Ҳубейи Чин мушоҳида шуд, илова бар 30 вилояти ин кишвар акнун ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Амрико, Австралия, Тайланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Жопон, Канада, Шветсия, Спания, Фаронса, Иморот ва Эрон низ сироят кардааст.

Дар ҷаҳон беш 76 ҳазору 793 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки беш аз 75 ҳазор нафар аз онҳо дар Чин ҳастанд.

 

Барчасп