Феврал 26, 2020 21:12 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон ва интихоботи 2020: Ҳазф ва изофаи аҳзоб бо ороиши ҷадид

Фазои сиёсии Қирғизистон дар ҳоли тағйир аст. Нақши аҳзоби парлумонӣ камранг шуда ва рақобати аҳзоби ҷадид шадидтар шудааст.

Ба гузориши “Форс”, коршиносон, аҳзоби сиёсие монанди “Биримдик”, “Мекеним Қирғизистон” ва “Қирғизистон”- ро ба унвони қудратҳои аслӣ дар интихоботи парлумонии оянда медонанд ва аҳзоби мазкур манобеи молии худро барои ҳимоят аз давлати феълӣ истифода мекунанд.

Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон дар парлумони ин кишвар гуфта буд, орои ҳаддиақал барои вуруд ба парлумон аз 9 дарсад ба 7 дарсад коҳиш меёбад.

Коҳиши ин шохис барои аҳзоби кӯчак фурсатҳои хубе эҷод ва шонсе барои вуруд ба парлумон муҳайё мекунад.

Дар моҳи апрел интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мешавад ва мақомоти комиссияи марказии интихобот нақзи қавонин тавассути аҳзоби сиёсии мухталифро сабт карданд.

 Дар интихоботи парлумонии қаблӣ, ки дар соли 2015 баргузор шуд, 14 ҳизби сиёсӣ ширкат карданд ва танҳо 6 ҳизб, аз ҷумла “Сотсиал-демократ”, “Республика- Ата Журт”, “Қирғизистон”, “Онугуу Прогресс”, “Бир Бол” ва “Ата Мекен” вориди маҷлиси олӣ шуданд.