Апрел 24, 2020 19:58 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии ниҳодҳои байналмилалӣ ба Узбакистон барои мубориза бо вируси корона

Муовини нахуствазири Узбакистон аз кумаки 1.6 миллиарддолларии ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба ин кишвар барои мубориза бо вируси корона хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҷамшед Қучқоров рӯзи ҷумъа изҳор дошт, тавофуқ шудааст, ки Сандуқи Байналмилалии Пул муодили 373 миллион доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 750 миллион доллар ва Бонки Рушди Осиё 500 миллион доллар ихтисос диҳанд.

Муовини нахуствазири Узбакистон хотирнишон кард, аммо бахши умдаи ин кумакҳои молӣ ҳанӯз дар ихтиёри Узбакистон қарор нагирифтааст.

Пештар Темур Эшматов, вазири дороии ин кишвар гуфта буд, ин вомҳо дар чаҳор моҳи оянда ҷудо хоҳанд шуд.

Ахиран бунёди байналмилалии иҷтимоии “Zamin” ба раёсати ҳамсари раисҷумҳури Узбакистон низ барои занони ниёзманди ин кишвар беш аз 500 ҳазор доллар кумаки молӣ эъто кард.

 

 

Барчасп